Дастрасӣ ба Интернет дар ҷаҳон "осон мешавад". Дар Тоҷикистон чӣ? САДО
     TJ RU EN
05:14 / 2024-12-20

Дастрасӣ ба Интернет дар ҷаҳон "осон мешавад". Дар Тоҷикистон чӣ? САДО

50 сол пеш бо пайваст кардани ду компютер паёми аввалини электронӣ фиристода шуд ва ин ҳодиса аз кашфи Интернет дарак дод. Ин таҷриба 29-уми октябри соли 1969 аз тарафи Чарли Клайн, донишҷӯи Донишгоҳи Калифорния дар шаҳри Лос-Анҷелеси Амрико ба воситаи шабакаи компютерии ARPANET анҷом шуд. Мегӯянд, паёми аввал аз ду ҳарф иборат буд: "Lo". Дертар маълум шуд, ки вақти фиристодани паём система ногаҳон хароб шудааст. Чарли Клайн мехост, калимаи "Login"-ро фиристад. Талоши дуюми ӯ натиҷаи мусбат дод.

Маркази таҳқиқотии Pew, созмони ғайридавлатии байналмилалӣ, ба ифтихори ин сана дар миёни беш аз 500 мутахассиси интернет ва фанновариҳои навин дар ҷаҳон пурсиш гузаронд. Суоли асосӣ ин буд, ки оё онҳо 50 соли ояндаи Интернет ва нақши он дар ҳаёти инсонҳоро чӣ гуна мебинанд?

Аксари назардиҳандагон гуфтаанд, аз ояндаи ин шабакаи ҷаҳонӣ хушбин ҳастанд ва танҳо дарсади ками мутахассисон гуфтаанд, аз дахолати интернет ба ҳаёти хусусӣ ва фанновариҳои маснӯии ҷосусӣ эҳсоси хатар доранд.

Дар маҷмӯъ, 72 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, зиндагии инсонҳо ба шарофати интернет ба самти беҳтар тағйир меёбад ва 25 дар сад назари комилан баръаксро баён кардаанд. Леонард Клейнрок, профессори улуми компютерӣ дар донишгоҳи UCLA дар ҷавоб ба ин пурсиш гуфтааст, "бовар дорам, интернет мисли нирӯи барқ дастрас, паҳншуда ва чунон одӣ мешавад, ки будани онро инсонҳо дигар қадр ҳам намекунанд."

Дар пурсиш аксар мутахассисони соҳа гуфтаанд, интернет барои беҳбуди хадамоти зиёд, аз ҷумла, иттилооту беҳдошт мусоидат карда, барои ҳалли мушкили одамон фарох истифода мешавад. Дар миёни пешгӯиҳои нохушоянди интернетӣ – "афзоиши нобаробарӣ, суистифодаи элитаҳо барои идора кардани ҷомеаҳо, афзоиши инзивои инфиродӣ ва коҳиши фазои хусусӣ" номбар шудааст.

Ҳарчанд дар пурсиши Маркази таҳқиқотии Pew мутахассисони тоҷик иштирок накардаанд, чанде аз онҳо дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дидгоҳҳои худро баён доштанд.

"Интернет як ҷузъи зиндагии мардум мешавад"

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раиси Бунёди ҷамъиятии "Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет" гуфт, бо назари ҳамкасбони ғарбиаш розӣ аст, ки дар даҳсолаҳои оянда дастрасӣ ба интернет "мисли барқу об хеле осон мешавад". "Ҳангоми будунаш эҳсос намекунем, ки чанд пул сарф мекунем, чӣ хел истифода мебарем, аз куҷо дастрас мешавад. Лекин ҳангоми набуданаш сахт эҳсос мекунем. Яъне, ҷузъи зиндагии ҷомеа мегардад", -- бовар дорад ӯ.

Ибодуллоев мегӯяд, шароит ва хадамоти марбут ба интернет, ки дар Ғарб вуҷуд дорад, "дар панҷ ё даҳ соли дигар ба мо ҳам насиб мегардад". Ба қавли ӯ, мушкилоте, ки ҳоло мақомот аз назари дастрасӣ ба сайтҳо ва ё гаронии нархи интернет ҷорӣ кардаанд, "муваққатӣ аст" ва "рӯзе бардошта мешавад".

"Сиёсати харобиовар" дар бахши интернет монеи рушди соҳа шудааст"

Рустам Гулов, мутахассиси фанновариҳои навин дар созмони "Интернюс"-и Тоҷикистон, мегӯяд, худро ба ҳамон гурӯҳи 72-дарсадии хушбинҳои интернет шомил мекунад, чун, ба гуфтааш, пеши роҳи рушди интернетро гирифта намешавад.

"Ҳар қадаре ки техникаву технология рушд кунад, ҳамон андоза мубориза бо интернет бемаънитар ва гаронтар мешавад. Имконияти кишварҳо, аз ҷумла кишвари мо барои мубориза бо интернет маҳдудтар мешавад. Барои ҳамин, беҳтар аст, интернетро озод гузоранду бубинанд, мардум чӣ фикру ақида доранд", -- афзуд ӯ.

Гулов мегӯяд, "мутаассифона, дар Тоҷикистон бо вуҷуди ташаббусҳои ҳукумат дар бораи эҷоди "ҳукумати электронӣ" ва "иқтисоди электронӣ" пешравие дида намешавад". Дар мактабҳо истифодаи телефонҳо, ки василаи муҳими роҳёбӣ ба интернет аст, манъ аст ва аксар вебсайтҳои муассисаҳои ҳукуматӣ бо зикри имейл ваё саҳифаи “фиристодани нома” маҳдуд шуда, маълум нест, то куҷо паёми мардум ба онҳо мерасад.

"Ҳукумати электронӣ бо ҳамин маҳдуд шуд, ҳол он ки ҳукумати электронӣ аз ҷумла, робитаи дутарафаро дар назар дорад. Вақте нома менависед, бояд ҷавоб гиред, хадамоти давлатиро аз ин роҳ анҷом диҳед, пардохт кунед ваё маълумот дастрас намоед. Мутаассифона, ин чиз дар Тоҷикистон рушд накардааст", -- мегӯяд Рустам Гулов. Ӯ афзуд, то замоне ки соҳаи алоқа аз тарафи ашхосе раҳбарӣ мешавад, ки "сиёсаташон харобиовар" аст, рушди интернет дар Тоҷикистон мушкил хоҳад буд.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бенатиҷа буд. Вале Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон моҳи сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мо хатти нахи нурӣ гузаронидем. Истгоҳҳои базавӣ тибқи талаботи миллӣ, минтақавӣ ва иттиҳоди байналмиллалӣ алоқа фаъол аст ва дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ кор мекунанд, дар минтақаҳои наздисарҳадӣ низ мушкил надорем."

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише дар моҳи сентябр гуфт, соҳаи мухобирот дар Тоҷикистон, ки дар оғози солҳои 2000-ум сарчашмаи рушди босуръат ва рақобати шаффоф буд, ҳоло рақобатпазириашро аз даст додааст. Чун, ба навиштаи муаллифон, "дар ин соҳа бархӯрди манфиатҳо вуҷуд дорад".

"Аксарият маънои иқтисоди рақамиро намефаҳманд"

Мутахассиси соҳаи технологияҳои муосир Талъат Эшонхонзода мегӯяд, донишу малакаи кормандони идораҳои давлатӣ дар таъмини рушди интернет дар Тоҷикистон хеле муҳим аст.

Вай гуфт: "Рушди Интернет дар Тоҷикистон аз рушди тафаккури кормандони давлатӣ вобаста аст. Бар асоси фармони ҳукумат, Вазорати рушди иқтисод дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа консепсияи иқтисоди рақамиро омода мекунад. Мутаассифона, аксар кормандони идораҳои давлатӣ дар бораи чӣ будани иқтисоди рақамӣ иттилоъ надоранд. Иқтисоди рақамӣ маънои онро дорад, ки аҳолӣ ба воситаи интернет, масалан, имкони гирифтани шиносномаро дошта бошанд, на ин ки рӯзҳои тӯлонӣ дар навбат дар назди корхонаҳо биистанд. Ин яке аз намунаҳост. Агар чунин хизматрасониҳо афзун гардад, он гоҳ Интернети Тоҷикистон рушд меёбад."

Интернет – василаи эҷоди ҷомеаи демократӣ ё назорат аз ҷомеа?

Дар ҳамин ҳол, соҳибкороне, ки дар фикри пешбурди кору даромад ҳастанд, мегӯянд, барои Тоҷикистон бо нишондодҳои пойин ва соҳаҳои маҳдуди даромадноки иқтисодаш маҳз рушди интернет метавонад кумаке шавад. Ин андешаро соҳибкори маъруф Гулбаҳор Маҳкамова ҳам ҷонибдорӣ мекунад ва мегӯяд, дар оянда интернет “мисли обу ҳаво бахши ҷудоинопазири ҳаёти ҳамарӯзаи мардум мешавад”.

Ӯ афзуд, “зеҳни сунъӣ барои дарки бештари масоили сиҳҳативу тарзи зиндагӣ, маориф ва психологияи инсон мусоидат мекунад. Вале аҳамияти азими интернет дар дастрасӣ ба донишу маълумот хоҳад буд, ки барои рушди инсонӣ хеле муҳим аст”. Соҳибкори тоҷик мегӯяд, “вобаста ба сиёсати давлат, интернет метавонад барои демокративу озодтар шудани ҷомеаҳо мусоидат кунад ва айни замон, метавонад силоҳи назорат ва тамаркузи қудрат шавад”.

Ба бовари Гулбаҳор Маҳкамова, ҳукуматҳо метавонанд интернетро барои роҳандозии назорати бештари иҷтимоиву сиёсӣ истифода кунанд ва аз ин назар, ба гуфтаи ӯ, пешгӯӣ кардани нақши интернет дар Тоҷикистон дар даҳ соли оянда “душвор аст”. Ӯ инчунин гуфт, агар интернет ба хотири нархаш “танҳо моли қишри сарватманди ҷомеа шавад, ихтилоф ва тавофути аъзои ҷомеа афзоиш меёбад”.

Интернет барои 30 дарсади Тоҷикистон

Бино ба омори охирин аз 9 миллиону 100 ҳазор аҳолии Тоҷикистон - танҳо каме беш аз 3 миллион, яъне 30 дарсади аҳолӣ ба интернет дастрасӣ доранд. Интернет ва фанновариҳои интернетӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳашт ё даҳ соли пеш яке аз бахшҳои пешрафта ба шумор мерафт, вале солҳои охир сифати хадамот, қонуну муқаррароти марбут ба истифодаи он, кори ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ва иртиботи мобилӣ бо тағйироти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд.

Нозирони бетараф фазои интернети Тоҷикистонро “маҳдуд” ва “зери назорат” меноманд, вале тасмимгирандаҳои соҳа дар сохторҳои давлатӣ мегӯянд, “ҳеҷ монеаву маҳдудият вуҷуд надорад. Оҷонсии “Азия-Плюс” бо такя ба вебсайти Worldwide mobile data pricing мегӯяд, Тоҷикистон дар миёни 230 давлати ҷаҳон дар ҷойи 103 ва дар миёни ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ – аз охир дуюм мебошад. Як гигабайт интернет дар Тоҷикистон 3,6 доллар “яке аз гаронтарин дар ҷаҳон” будааст.

Бонки Ҷаҳонӣ моҳи сентябр дар гузоре гуфт, Тоҷикистон аз рӯйи шароит ва санадҳои танзимкунандаи соҳаи мухобирот дар ҷаҳон дар ҷойи охир қарор дорад ва рейтинги рақобатпазириаш ба сифр баробар аст. Вале мақомот ин гуна гузоришҳоро беасос хондаанд.

https://www.ozodi.org/a/future-internet-in-tajikistan/30249773.html


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима